Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Мутобиқи дастури президенти Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъи ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазири корҳои хориҷӣ - Ҳамрохон Зарифӣ дода шуд, дар семоҳаи аввали соли равон 5 сафири фавқулъодда ва мухтори Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ иваз карда мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, то охири моҳи март сафирони Тоҷикистон дар Туркия - Шӯҳрат Султонов, дар Ҷумхурии Исломии Ирон - Рамазон Мирзоев, дар Туркманистон - Қозидавлат Қоимдодов, дар Ҷумҳурии Мардумии Чин - Рашид Олимов ва сафири ҷумҳуриамон дар Белорус - Амирхон Сафаров бозхонд хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, дар асоси дастури президенти кишвар, ҳар сол як маротиба мулоқоти сарвари давлат бо сафирони Тоҷикистон дар тамоми кишварҳои хориҷӣ гузаронида шуда, мӯҳлати кори сафир дар як давлат аз 3 сол зиёд нахоҳад буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста