Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар ҷараёни нишасти хабарӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Русия барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мисли пештара кишвари афзалиятнок боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати сафарбарсозии муҳоҷирон ба кишварҳои дигар феълан чораҳо андешида мешаванд, вале рӯи ин масъала мушкилот мавҷуд аст, зеро қаблан оид ба ин масъала танҳо бо Русияву Қазоқистон сарукор доштем. «Барои сафарбарсозии муҳоҷирон ба кишварҳои дигар омодагии ҷиддӣ ва донистани забони кишвари қабулкунанда зарур аст», - гуфт ӯ.
Ш.Зуҳуров зикр кард, ки бо қарори ҳукумат соли гузашта Маркази омӯзиш барои калонсолон ва шӯъбаҳои он дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва Конибодом таъсис ёфт ва мувофиқи пешбинии вазорат, соли равон дар ин марказҳо ҳудуди 8,5 ҳазор нафар мутахассиси касбу кори гуногун тайёр карда мешавад.
Вазир бар чунин назар аст, ки феълан дар Тоҷикистон мутахассисони зиёде тайёр карда мешаванд, ки ҷумҳурӣ ба он эҳтиёҷ надорад. «Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 20 ҳазор нафар ҳуқуқшинос тайёр карда мешавад, ки аз ин миқдор ҳамагӣ 5 дарсади онҳо аз рӯи ихтисос ҷойи кор пайдо мекунанд, барои кор дар истеҳсолот бошад, мутахассисон хеле каманд», - гуфт ӯ.
Зимни шарҳи масъалаи бозгашти миқдори зиёди муҳоҷирон ба ватан ва таъмини онҳо бо ҷойи кор Ш.Зуҳуров чунин ибрози андеша намуд, ки соли ҷорӣ дар кишвар фароҳам овардани 150-200 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст. «Мо умедворем, ки сол то сол шумораи ҷойҳои корӣ дар кишвар афзуда хоҳанд шуд, вале алҳол мо имкон надорем, ки ҳамаи хоҳишмандонро бо ҷойҳои корӣ таъмин созем», - афзуд вазир.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста