Душанбе. 24-уми январ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон Кай Эйдеро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону давлатҳои манфиатдор дар мавриди мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон баррасӣ шуд.
«Мушкилоти Афғонистонро танҳо бо назардошти омилҳои умумиминтақавӣ метавон бартараф намуд, аз ин хотир кӯмак
ба Афғонистон бояд ҳамчунин аз тариқи мусоидат ба ҳамаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон расонда шавад», - таъкид намуд зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Истифода аз имконоти васеи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла нақлиётӣ ва техникии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики
«Дар сурати дастгирӣ ёфтан ва татбиқи босамари лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва саноатии худ Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад Афғонистонро бо нерӯи барқ ва қисман бо маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маводи сохтмонӣ таъмин намояд», - бо эътимод таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Кай Эйде изҳор дошт, ки лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд ва беҳтарини онҳо албатта татбиқ хоҳанд шуд.
Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуд, ки айни замон Тоҷикистон метавонад ба Афғонистон дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқаш кӯмак расонад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои ҳарбӣ сиёсии – Афғонистон, роҳҳои пурзӯр намудани мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста