Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - IFC (Ташкилоти Байналхалқии Молиявӣ) тавассути омӯзонидани малака барои таҳияи кодекси идоракунии корпоративӣ барои шахсони алоқаманд дар Осиёи Марказӣ таҷрибаи кодекси корпоративиро ҷорӣ карда истодааст. Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Боку семинари аввалини Авруосиё оид ба таҳияи кодекси идоракунии корпоративӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони ҳукуматӣ ва сохтори хусусӣ аз Озарбойҷон, Гурҷистон ва кишварҳои Осиӣи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷамъ омаданд. Семинар якумин чорабинӣ барои мусоидат кардан ба рушди кодекси идоракунии корпоративӣ дар минтақа бо дарназардошти таҷрибаи ҳам минтақавӣ ва ҳам байналхалқӣ буд. Коршиносони
соҳаи идоракунии корпоративӣ аз Олмон, Африка, Болгария ва Форуми Глобалии Идоракунии Корпоративӣ аз таҷрибаи амалии худ ба иштирокчиён нақл карданд.
Пас аз семинар иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доданд, ки дар кишвар мизи мудавваре ташкил намуда, ба он барои баррасии таҳияи Кодекси миллии идоракунии корпоративӣ намояндагони Ҳукумати ҶТ, сохтори хусусӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони алоқамандро таклиф намоянд.
Мувофиқи гуфтаҳои Машваратчии ҳуқуқии IFC Саидаҳмад Икромов, ки ҳангоми чорабинӣ гурӯҳи вакилонро аз ҶТ роҳбарӣ намуд, кодекси миллии идоракунии корпоративӣ дар ҳалли мушкилоте, ки ширкатҳои тоҷикӣ бо он рӯ ба рӯ шуда истодаанд, нақши муҳим мебозад. «Гарчанд баъзе ширкатҳои тоҷикӣ кодекси дохилии идоракунии корпоративӣ дошта бошанд ҳам, дар ҶТ кодекси миллии идоракунии корпоративӣ мавҷуд нест. Ман умедворам, ки таҳияи он барои рақобатпазир шудани ширкатҳои маҳаллӣ дар сатҳи миллӣ ва байналхалқӣ мусоидат мекунад ва барои ҷалби сармоя муҳити мусоид фароҳам меорад”,- илова кард ӯ.
Соли 2007 IFC бо мақсади рушди таҷрибаи ширкатҳои саҳҳомӣ, бонкҳо ва кӯмак ба онҳо дар пешрафти фаъолият ва тавоноӣ
баҳри ҷалби сармоя ва маблағгузорӣ Лоиҳаи Идоракунии корпоративиро дар Осиёи Марказӣ оғоз намуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии намояндагии
IFC
дар шаҳри Душанбе хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста