Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Даври навбатии гуфтушунидҳо сари мавзӯи тронзити нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбакистон рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Дар ин бора имрӯз дар як нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати кишвар - Пулод Муҳиддинов хабар дод.
Барои ширкат дар ин музокирот, комиссияи давлатӣ ба раҳбарии муовини нахуствазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ташкил мешавад, ки худи ҳамин ҳафта озими Тошканд хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Муҳиддинов, Ӯзбакистон аз мувофиқаҳои хосилшуда сарфи назар карда, тронзити нерӯи барқро
тавассути қаламрави худ манъ кардааст. «Мақомоти ӯзбак сабаби қатъи интиқоли барқро ба вуқӯъи садама дар зеристгоҳи барқии «Қарокӯл»-и ин кишвар марбут донистанд, вале ба пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз ин зеристгоҳ ва ба қадри имкон кӯмак намудан дар барқарорсозии он ҷавоби рад доданд», - гуфт Мухиддинов.
Муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар бахши энергетика аз Ӯзбакистон қарздор нест, баръакс «Ӯзбекэнерго» аз мо 4 миллион доллар қарздор аст. «Масъалаи пардохти ин қарз низ дар гуфтушунидҳои Тошканд баррасӣ хоҳад шуд», - гуфт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста