Кӯлоб. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дар бораи соли ҷорӣ ба Қазоқистон содирот намудани 300 тонна хушкмева аз Ноҳияи Шӯрообод қарордод баста шуд.
Тавре раиси ноҳия Иброҳим Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, акнун, ки қарордоди мушаххас ба имзо расидааст, он ба иҷрои бечунучарои он мусоидат хоҳад кард. «Соли гузашта мо бори нахуст кӯшиш кардем хушкмеваи ноҳияро ба Қазоқистон содирот намоем, вале чун қарордоди мушаххас набуд, аз 300 тоннаи пешбинишуда ҳамагӣ 46 дарсадашро фурӯхта тавонистему халос», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, иҷрои қарордоди мазкур бо ҷониби Қазоқистон ба дӯши шӯъбаи «Тоҷикматлубот»-и ноҳия вогузор гаштааст.
И.Азизов афзуд, заминаи густариши номгӯи маҳсулоти содиротӣ дар ноҳия зиёд аст. «Соли гузашта дар ноҳия 7164 тонна меваи гуногун, 713 тонна ҳосили ангур ҷамъоварӣ гардида, боғҳову ангурзорҳои нав ташкил шуданд», - изҳор дошт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста