Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Овозаҳо дар мавриди
боло рафтани маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тағйир додани маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои хориҷӣ ба кишвар ба нақша гирифта нашудааст ва овозаҳои бесасос танҳо миёни аҳолӣ бесарусомониву ташвишро ба вуҷуд меоварад. «Дар сурати тағйири тарофаҳо мо аҳолиро пешакӣ огоҳ хоҳем кард», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, тибқи қонунгузории амалкунанда, барои шахсони воқеие, ки барои истифодаи шахсӣ ба кишвар мошин ворид месозанд, нархҳои зерин ҷорӣ шудаанд: шахсони воқеӣ барои ҳар як сантиметри мукааби ҳаҷми муҳаррики то 2,5 ҳазор сантиметри мукааб 0,27 $ маблағи боҷи гумрукӣ пардохт менамоянд, вале агар ҳаҷми муҳаррик аз 3 ҳазор сантиметри мукааб бештар бошад, маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои ҳар як сантиметри мукааб ба 0,40 $ баробар хоҳад буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста