Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Тарофаҳои ниҳоии нерӯи барқи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 пас аз анҷоми пурраи сохтмони иншоот муайян карда мешаванд.
Тавре дар мулоқот бо рӯзноманигорон муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов хабар дод, феълан нерӯи барқи нерӯгоҳ чун пештара бо арзиши 1,15 сент барои 1 кВт/соат фурӯхта мешавад. «Тарофаҳои нав бо назардошти нархи миёнаи барқ дар ҷумҳурӣ муайян карда мешаванд», - гуфт ӯ.
Муовини вазир зикр кард, ки мавриди истифода қарор додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Ёдрас мекунем, ки қаблан ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳ ахири соли гузашта пешбинӣ гардида буд, вале моҳи ноябри соли 2008 ин мӯҳлат то 25-уми феврали соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуда буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста