Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Бар асари садама дар мавзеи Куфоби ноҳияи Дарвоз афсари Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ҳалокат расид.
Тавре навбатдори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Дарвоз Идибек Ватанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 26-уми январ мошини зиреҳпӯши вазорати мудофиа, ки қатори мошинҳои низомиро ҳамроҳӣ мекард, ба дарёи Панҷ сарозер рафт. «Дар натиҷа ронандаи мошини зиреҳпӯш ба ҳалокат расида,
ҷасади
лейтенанти калони вазорати дифои кишвар - Улуғбек Ғоибов ҳанӯз пайдо нашудааст
», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи додситони низомии гарнизони Хоруғ Фармон Шарипов, ҷиҳати ошкор сохтани ҷузъиёти рух додани садама ба ҷои ҳодиса муфаттиш сафарбар гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста