Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи парлумон Муҳиддин Кабирӣ бар чунин назар аст, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон дар Маскав сарвари давлати Тоҷикистонро мебояд мавқеи ниҳоии Кремлро оид ба «масъалаи об» дар минтақаи Осиёи Марказӣ мушаххас созад.
Ёдовар мешавем, зимни боздиди расмӣ аз Ӯзбекистон президенти Русия Д.Медведев бо ишора ба мушкилоти оби минтақа изҳор дошт, ки «иншооти гидроэнергетикӣ бояд бо назардошти манофеъи ҳамаи кишварҳои минтақа бунёд гарданд ва агар ба чунин тасмим ҳама ҷонибҳо мувофиқ набошанд, Русия аз ширкат дар сохтмони чунин иншоот худдорӣ мекунад».
Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни боздиди расмӣ аз Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта Д.Медведев изҳор дошта буд, ки Русия ният дорад, дар бунёди иншооти бузургтарини гидроэнергетикии минтақа - нерӯгоҳи Роғун иштирок намояд ва чунин нияти Русияро чанде баъдтар роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин, ки ба Душанбе омада буд, низ тасдиқ кард, аммо он замон дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мувофиқасозии ин лоиҳа сухан намерафт.
Ба ақидаи М.Кабирӣ, ҳама мушкилот дар он аст, ки Русия ва Ӯзбекистон чун пештара Тоҷикистонро «бародари хурдӣ» мешуморанд ва ба чунин муносибат худи мо онҳоро водор сохтаем. «Бо назардошти рӯйдодҳои аввали солҳои 90-уми асри гузашта, онҳо то ҳанӯз бар ин назаранд, ки ҳукуматдорони имрӯзаи Тоҷикистонро онҳо сари мансаб овардаанд, - мегӯяд ӯ. – Аз ин рӯ, бидуни рӯгардонӣ аз Русия, Тоҷикистонро зарур аст, бо дигар кишварҳо низ муносиботи шарикии стратегиро роҳандозӣ намояд».
Раиси ҲНИТ таъкид сохт, ки Тоҷикистон бояд ошкоро аз манофеъи миллии худ ҳарф занад ва пас аз он шарикони стратегии боъэтимод пайдо хоҳад кард. «Агар мо қаблан ҷасорат зоҳир мекардем, сохтмони нерӯгоҳи Роғун кайҳо оғоз мегардид ва ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон дар сурати ҷалби ҳамсояҳои
ҷанубии
худ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ё мустақилона бунёд кардани он аз тамоми низоъҳо барканор хоҳад монд», - афзуд намояндаи парлумон.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста