Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Абдураҳим Ашӯр изҳор дошт, ки мошинҳои мусофирбари хурди «Тангем» дар масъалаи танзими ҳаракати нақлиёти мусофирбари пойтахт нақши муҳим доранд. «Имрӯз шаҳрро бидуни онҳо тасаввур кардан душвор аст, ҳарчанд ронандагони ин навъи нақлиёт аксаран ба вайрон кардани ҳаракат дар роҳ
ба мушоҳида расидаанд», - гуфт ӯ.
Ба қавли вазир, ояндаи наздик ба Душанбе 100 автобус ва 100 троллейбус ворид мегардад, ки бо хатсайрҳои нав низ ҳаракат хоҳанд кард. «Аз ин рӯ, ба баъзе хатсайрҳои марказии пойтахт ҳаракати «тангемкаҳо» манъ карда мешавад», - гуфт ӯ.
А.Ашӯр изҳор дошт, ки феълан шумораи нақлиёт ба ҳар сари аҳолӣ дар шаҳри Душанбе аз нишондиҳандаҳо дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва дигар шаҳрҳои бузург бештар шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста