Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Намояндаи парлумони ҷумҳурӣ одӣ Шабдолов бар чунин назар аст, ки сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русияро мебояд сари мизи гуфтушунид нишаст ва барои ҳалли мушкилоти зуҳурёфта оид ба танзими ин масоил дар сатҳи давлатӣ созишномаҳо ба имзо расонид.
Ш.Шабдолов мегӯяд, дар масъалаи истифодаи захоири обӣ бояд шартномаи усулие ба имзо расад, ки манофеъи ҳама ҷонибҳоро ҳимоят кунад ва аз тарафи парлумонҳои давлатҳо таъйид гардад. «Дар асоси усулҳои муқаррарсохтаи шартномаи мазкур парлумонҳои давлатҳо дар бораи истифодаи энергия, захоири обии рӯдхонаҳои фаромарзӣ ва интиқоли барқ қонунҳое мекунанд, ки мухолифи якдигар нахоҳанд буд», - гуфт ӯ.
Раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон зикр кард, ки дар масъалаи таъсиси шабакаи ягонаи барқи минтақаи Осиёи Марказӣ, ки минбаъд ҷиҳати содироти барқ дар қисмати шимол бо Русия ва дар қисмати ҷануб бо Эрону Ҳиндустон ва Чин пайваст мегардад, ҳеҷ мушкилоти техникие мавҷуд нест ва ин нукта ҳамчунин ба масоили танзими раванди ҳаракати нақлиёт ва коммуникатсия низ дахл дорад.
Ш.Шабдолдов мӯътақид аст, ки бидуни ҳамгиройии кишварҳо дар минтақа танзими нархи нафту газ ва ғайра ғайриимкон аст, зеро агар нархҳоро ба ҳоли худ гузорему онро бо биржаи Лондон муқоиса намоем, ҳама гуна калавиши бӯҳрони ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишварҳо таъсири ногувор хоҳад расонд. «Аз ин рӯ, дар ҳалли чунин масоил мо бояд бозори усувори минтақавии худро доро бошем, ки дар он Русия низ бояд ширкат кунад», - изҳор дошт ӯ.
Намояндаи парлумон афзуд, ки дар масъалаи истифодаи захоири обии минтақа гуфтушунидҳои дуҷониба самарае ба бор нахоҳанд овард ва онро мебояд дар чаҳорҷӯбаи ИДМ ва Русия ҳал намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста