Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Айни замон ширкати «Барқи тоҷик» баҳри таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ тамоми имконоти дар ихтиёр доштаашро истифода мебарад.
Тавре муовини аввали раиси ширкат Баҳром Азизов чанде қабл ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, реҷабандии истифодаи барқ, ки дар кишвар аз 28-уми январ ҷорӣ гардид, минбаъд шадидтар карда намешавад, баръакс, дар сурати афзоиши ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбори Норак, он сабуктар хоҳад шуд. «Пас за реҷабандии истифодаи барқ ба сокинони пойтахти ҷумҳурӣ ба муддати 19-20 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад, ҳарчанд тибқи нақшаи реҷабандӣ ҳаҷми интиқоли он ба 15 соат муқаррар гардида бошад ҳам», - гуфт ӯ.
Ба қавли муовини раиси ширкат, вазъ танҳо дар сурати сардшавии сахту ногаҳонии обуҳаво, ки ҳаҷми ҷоришавии об дар рӯдхонаи Вахшро хеле кам месозад, метавонад мушкитар шавад. «Дар мавриди барқарорсозии транзити барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ ҳаминро гуфтаниам, ки мо дар масъалаи транзити барқ дар назди Ӯзбекистон қарздор нестем ва кунун низ тайёрем, ки маблағи муқаррарнамудаи онҳоро саривақт пардохт созем», - гуфт Б. Азизов ва афзуд, ки ҷониби Ӯзбекистон қатъи транзити барқи Туркманистонро ба мушкилоти техникӣ вобаста медонад ва Тоҷикистон омода аст, ин масъларо низ бо роҳи гуфтушунид ҳал намояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста