Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ҳарчанд вазъи иҷрои буҷаи соли 2009 душвориҳо пеш орад ҳам, ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то онро сарбаландона иҷро созад.
Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ҳукумат нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, баҳри иҷрои он гурӯҳи корӣ низ таъсис додааст. «Нақша аз панҷ қисмат иборат буда, қисмате аз онро сиёсати молиявиву андоз ташкил медиҳад, - гуфт ӯ. – Мо нақшаи мазкурро ҷиҳати баррасӣ ба Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор пешниҳод сохтем ва пас аз тавсияҳои онҳо ба хулоса омадем, ки он таҳрири иловагӣ мехоҳад».
Ғ.Бобозода мӯътақид аст, он бандҳои буҷа, ки ба пардохтҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнат марбутанд, тағйир нахоҳанд ёфт. «Мо бояд иҷрои қисмати хароҷоти буҷаро пурра таъмин созем ва ин ҷо пеш аз ҳама, пардохтҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнат дар назар аст», - афзуд вазир.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста