Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дар муддати як моҳи ахир дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ арзиши бензин ба андозаи 17 дарсад боло рафт. Агар аввали моҳи январ арзиши як литр бензини навъи АИ-95 ба 2,40 сомонӣ (0,65 $) баробар буд, феълан нархи он ба 2,80 сомонӣ расидааст.
Дар нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки болоравии арзиши бензин ба коҳиши қурби асъори миллӣ нисбати доллари амрикоӣ (7 дарсад) вобаста аст, зеро муносиботи тиҷоратӣ бо ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ асосан тариқи доллари амрикоӣ сурат мегирад. «Ғайр аз ин, миқдори таъминоти ҷумҳурӣ бо бензин, ки дар як моҳ ба 20 ҳазор тонна баробар аст, моҳи январ то 12 ҳазор тонна камтар шудааст», - гуфт ӯ.
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мегӯяд, иллати дигар дар он аст, ки ба муносибати таҷлили соли нави масеҳӣ қариб ду ҳафтаи аввали соли равон дар Русия рӯзҳои истироҳат эълон шуда буданд ва табиист, ки содироти маводи сӯзишворӣ дар ин давра нисбатан камтар шудааст ва ин бешак, ба воридшавии маводи сӯзишворӣ ба кишвари мо низ бетаъсир намонд, зеро 90 дарсади маводи сӯзишвориро Тоҷикистон аз Русия ворид месозад.
Ғ.Бобозода таъкид сохт, ки ба чунин вазъ ҳамчунин болоравии тарофаҳо ба газ низ асар гузошт, зеро бинобар болоравии нархи гази табиӣ аксари ронандагон ба истифодаи бензин рӯ оварданд.
Ба гуфтаи вазир, айни замон ҷиҳати омӯзиши бозори дохилии маводи сӯзишворӣ вазорат гурӯҳи кории махсус таъсис додааст. «Мо ба ширкати фаръии «Газпром» - ҶС «Зарубежнефтегаз», ки аз ҳаҷми умумӣ беш аз 35 дарсади маводи сӯзишвориро ба Тоҷикистон ворид месозад, пешниҳод кардем, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ нуқтаҳои фурӯши хусусии худро боз намояд, ки чунин иқдом низ бояд ба коҳиши арзиши бензин муосидат кунад», - афзуд Ғ.Бобозода.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста