Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ҷиҳати баррасии пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ рӯзи 5-уми феврал ба Душанбе меояд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни боздид тағйироти иқтисодии кишвар дар соли гузашта таҳлил гардида, сатҳи пешакии нишондиҳандаҳо дар соли 2009 муайян карда мешаванд ва буҷаи давлатии кишвар низ баррасӣ хоҳад шуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода мегӯяд, дурнамои нишондиҳандаҳои мақроиқтисодии Хазина дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои пешакии омодасохтаи ҷониби Тоҷикисон каме тавофоут дорад. «Аз ҷумла, коршиносони ХБА ба чунин назаранд, ки соли ҷорӣ рушди иқтисодӣ на бештар аз 5 дарсадро ташкил дода, мизони таваррум 18 дарсадро ташкил медиҳад, вале мо чунин мешуморем, ки ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 7 ва 13 дарсад баробар хоҳанд буд», - гуфт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста