Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад, ки соли 2009 интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои минтақаи Осиё Марказӣ ба андозаи 40-50дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Коршиноси бонки мазкур Дилип Рат мегӯяд, мушкилоти мазкур бевосита ба кишварҳои қашшоқи қаламрави ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсир хоҳад гузошт.
Ба қавли коршинос, барои Тоҷикистон интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ нақши муҳимеро касб кардааст, зеро 54 дарсади маблағи ҳаҷми иқтисоди кишвар ба он рост меояд.
Тибқи маълумоти бонк, соли гузашта муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон – 1 млрд. 300 млн. $, Қирғизистон – беш аз 1 млрд. $ ва Ӯзбекистон – 1 млрд. 800 млн.
$
маблағҳои пулӣ интиқол додаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста