Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷараёни семинар таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи ҷангу сулҳ дар Шарқи Наздик», ки рӯзи 31-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, вазъи кунунии минтақаи Шарқи Наздик мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар маърӯзаи худ номзади улуми сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо изҳор дошт, ки бӯҳрон дар минтақаи Шарқи Наздик то ҳанӯз роҳи ҳалли худро пайдо накардааст ва «Барномаи Шарқи Наздики Нав», ки соли 2006 аз ҷониби Амрико тарҳрезӣ шуда буду барқарории сулҳу суботро дар минтақа дар назар дошт, ба нокомӣ дучор гашта, муносибати маъмурияти нави Амрико таҳти сарварии Барак Обама дар чаҳорчӯбаи сиёсати пиёдасохтаи Амрико низ таҳаввулоти муассире ба бор нахоҳад овард. «Баръакс, созмонҳои зиддиамрикоии минтақа аз қабили «Ҳизбуллоҳ» ва «Ҳамос» солҳои ахир мавқеашонро устувор намуда, дар миқёси ҷаҳон бештар худро муаррифӣ сохтанд», - гуфт ӯ.
Иштирокдорони семинар – аъзои палатаи болоии палумон, яке аз рӯҳониёни мъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва намояндаи парлумони кунунӣ, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз сарвазири Туркистон Реҷеп Тайип Эрдоган, ки дар ҳамоиши Давос муқобили сиёсати Исроил эътироз оварда, куштори мардуми бегуноҳро дар Ғазза аз ҷониби Исроил маҳкум кард, пуштибонӣ ба амал оварданд. «Эрдоган намунаи барҷастаи ҳамбастагӣ ба ҷабрдидагони навори Ғаззаро зоҳир сохт», - изҳор доштанд онҳо.
Семинар аз ҷониби Маркази тозатаъсисёфтаи иттилоотиву таҳлилии «Пресс-Панорама» созмон дода шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста