Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Коршиноси масоили сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло бар чунин назар аст, ки қарори президенти Тоҷикистон дар бораи даст кашидан аз мулоқот бо президенти Русия ва ширкат варзидан дар нишастҳои СААД ва ЕврАзЭС «хусусияти техникӣ» надошта, ба изҳороти Медведев дар Тошканд марбут аст.
Дар мавриди шарҳи моҳияти чунин иқдоми сиёсии Душанбе коршинос зикр кард, ки ин баръало возеҳ аст, зеро он замонаҳое, ки метавонистанд бо ҷумҳурӣ бидуни назардошти манфиатҳояш муносибат кунанду ба ваъдаи додаашон вафо накунанд, гузаштааст. «Ҷаҳон тағйир ёфта, мақоми Тоҷикистон низ дар он дигар шудааст ва имрӯз Тоҷикистон натанҳо бо Русия муносибати шариконаи стратегӣ дорад, балки муносибатҳои кишваррро бо Чин, ИМА ва Эрон низ метавон чунин арзёбӣ намуд», - гуфт ӯ. – Аврупо низ хостори он аст, ки бо Тоҷикистон дар чунин сатҳ муносибатҳояшро барқарор созад».
Рашид Ғанӣ Абдулло таъкид сохт, ки дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ба то кадом андоза ба эътибор гирифтани манфиатҳои қонунии ҷумҳурӣ аз ҷониби Русия вобаста хоҳад буд ва дар муддати даврони пасошӯравӣ дар муносиботи дуҷониба мушкилоти ҷиддие пеш наомада буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста