Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон ва Барномаи ҷаҳонии ғизо дирӯз оид ба таъмини қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолии Тоҷикистон бо маводи ғизоӣ созишнома ба имзо расониданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизо хабар доданд, саҳми ҷониби Ҷопон 4,7 млн. $ буда, он барои харидории 6 ҳазор тонна гандум ва 1 ҳазору 200 тонна лӯбиё масраф хоҳад гардид, ки тавассути сохторҳои Барномаи ҷаҳонии ғизо миёни аҳолӣ тақсим хоҳад гардид.
«Кӯмаки мазкур дар мавсими душвори зимистон ба аҳолии эҳтиёҷманд расонида мешавад», - гуфт дар маросими имзои созишнома директори Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон Златан Милишич.
Ба иттилои манбаъ, барнома ният дорад, 1,2 млн. нафар қишри осебпазири аҳолии ҷумҳуриро бо кӯмаки ғизоӣ таъмин созад ва бо ин мақсад ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 81,3 млн. $ маводи ғизоӣ ворид созад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста