Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ мӯътақид аст, ки сафар ба Маскав ва иштирок дар
ҷаласаҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҳайати Тоҷикистон осон нахоҳад буд.
Дар мавриди вақтҳои ахир ба сардӣ гаравидани муносибати Русияву Тоҷикистон М.Кабирӣ мегӯяд, ҷонибҳоро лозим аст ба изҳороти Медведев дар Тошканд ва нотаи эътирозии Вазорати умури хориҷии Тоҷимкистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир насозанд. «Ба ҳайати Тоҷикистон аз ҳарвақта дида маҳз дар ҳамин давра дурандешиву ботамкинӣ зарур аст ва дар ҳамин ҳол, ҷонибҳоро мебояд дар пасманзари дигар муносиботи тарафайн ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаро дар чаҳорчӯбаи СААД ва ЕврАзЭС мушаххас созанд», - гуфт М.Кабирӣ ва афзуд, ки ба ақидаи ӯ, чунин тарзи муносибат минбаъд ба вазъи мавҷудаи душвор нуқта хоҳад гузошт, зеро «ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба ҳамдигар ниёз доранд».
Раиси ҲНИТ таъкид месозад, ки ҳайати Тоҷикистонро зарур аст, тариқи гуфтушунид мавқеи ниҳоии Маскавро оид ба муносибат ба лоиҳаҳои афзалиятнок ва ҳаётан муҳими Тоҷикистон муайян намояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста