Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов бар чунин назар аст, ки сарусадои босуръат боло рафтани қурби доллар нисбат ба сомонӣ аввали баҳор анҷом хоҳад ёфт.
Ф.Саидов мегӯяд, боло рафтани қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва вобастагии зич доштани сомонӣ ба рубли русӣ марбут аст, зеро Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошад ва тиҷорат миёни кишварҳо тариқи доллар сурат мегирад.
Ба ақида Ф.Саидов, бинобар бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар аксари мамолики ҷаҳон эҳтиёҷот ба доллари амрикоӣ зиёд шуд ва ин омил низ ба афзоиши қурби доллари амрикоӣ мусоидат кардааст.
Коршинос чунин мешуморад, ки дар вазъи мавҷуда ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, истеҳсоли маводи ниёзи аввалияро дар ҷумҳурӣ афзуда, воридоти онро аз хориҷи кишвар коҳиш диҳад. «Содироти маҳсулоти макаронӣ, гӯгирд, намак, равғни растанӣ, нӯшокиҳои мевагӣ ва намуди дигари чунин маҳсулот ба устувории қурби асъори миллии ҷумҳурӣ мусоидат карда наметавонад», - афзуд Ф.Саидов.
Ёдовар мешавем, тайи як моҳи ахир қурби ғайрирасмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ аз 3 сомониву 50 дирам ба 3 сомониву 90дирам барои 1 доллар зиёд шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста