Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Бо назардошти бӯҳрони энергетикии мавҷуда мақомоти раҳбарии КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» оид ба ҷорӣ сохтани реҷаи махсуси коҳиши хароҷоти нерӯи барқ дар тамоми сохторҳои ширкат қарор қабул кард.
Тавре сухангӯи ширкат Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан қарори коҳиши ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ ва гудохтани алюминий амалӣ гардида, аллакай кори беш аз 100 ванаҳои электролизӣ қатъ гардидааст ва истифодаи нерӯи барқ то 15 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз кам карда шудааст. «Қаблан корхона дар як шабонарӯз 21 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мекард ва феълан ҷиҳати коҳиши ҳаҷми истифодаи он то 14 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз чораҳо андешида мешаванд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади то ҳадди камтарин расонидани хароҷот ба қувваи корӣ дар сурати нигоҳ доштани ҷойи корӣ соати корӣ дар корхона 1 соат кам карда шуд. «Оид ба кам кардани хароҷоти марбут ба корҳои ташкилӣ, истифодаи нақлиёт ва ғайра низ тадбирҳо андешида мешаванд», - изҳор дошт С.Қодирова.
Сухангӯи ширкат афзуд, ба болои бӯҳрони молӣ бӯҳрони энергетикӣ низ ба фаъолияти корхона таъсири манфӣ расонид ва дар чунин шароит менеҷменти ширкат ҷиҳати қатъ нагаштани фаъолияти корхона ва нигоҳ доштани имконоти иқтидории он тамоми чораҳои зиддибӯҳрониро мавриди амал қарор хоҳад дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста