Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Доктор улуми иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар чунин назар аст, ки бо мақсади дастгирии қурби асъори миллӣ Бонки миллии кишварро зарур аст, якчанд миллион доллари амрикоиро ба фурӯш барорад.
Ба ақидаи ӯ, бинобар коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳаҷми пули нақди доллари амрикоӣ кам шуд ва қурби он нисбат ба асъори миллӣ боло рафт. «Барои ба гунае дастгирӣ намудани нигаҳдории қурби асъори миллӣ, Бонки миллии Тоҷикистонро мебояд беш аз 2 млн. доллари амрикоиро ба фурӯш барорад», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, зимни шарҳи изҳороти раиси БМТ Шариф Раҳимзода оид ба коҳиши ҳаҷми гардиши сомонӣ ва аз муомилот гирифтани тақрибан 170 млн. сомонӣ, Ҳ.Умаров изҳор дошт, ки « чунин иқдом на он қадр тасмими хуб» буда, метавонад оқибатҳои ногувор, кам шудани дороӣ ва мавқуф гузоштани пардохтҳо миёни корхонаҳоро ба бор оварад.
Ба ақидаи коршиноси масоили иқтисодӣ, ҷиҳати нигаҳдории қурби сомонӣ ба мақомоти раҳбарии кишвар зарур аст, бахши истеҳсолоти маҳсулоти содиротиро афзун намояд ва барои муваффақ гаштан ба баробарии ҳаҷми воридоту содирот чораҳои муассир андешад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста