Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон бори навбатӣ болоравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ ба мушоҳида расид. Арзиши 1 доллари амрикоӣ имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба 4 сомонӣ расид. Гузашта аз ин, дар нуқтаҳои мубгодилаи асъор бинобар набудани доллари амрикоӣ аз фурӯши он худдорӣ менамоянд.
Тавре аз ҶСК «Агроинвестбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, субҳи дирӯз қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк барои хариди 1 $ 3,75 сомонӣ ва фурӯши он 3,77 муқаррар шуда, соати 11-и рӯз қурби он мутаносибан аллакай то 3,80
ва 3,82 сомонӣ расид. «Феълан 1 $ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори «Агроинвестбонк» бо арзиши 3,86 сомонӣ харида шуда, бо нархи 3,88 сомонӣ фурӯхта мешуд», - хабар дода буданд аз бонк. Имрӯз бошад, аллакай арзиши қабули доллар ба 3,98 сомонӣ ва фурӯши он ба 4 сомонӣ баробар шудааст.
Аз ҶСК «Бонки рушди Тоҷикистон» иттилоъ доданд, ки қаблан қурби доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк 3,78 сомониро ташкил медод, вале дирӯз он аллакай то 3,88 сомонӣ афзудааст.
Тибқи иттилои сарчашма аз ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», рӯзи пешин ва дирӯз дар 33 нуқтаи мубодилаи асъори ин бонк арзиши доллар дар як мизон нигоҳ дошта шуда, дар ин рӯзҳо нархи хариди он 3,78 ва фурӯши он 3,80 сомониро ташкил додааст. Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк арзиши қабули доллар 3,88 ва фурӯши он 4 сомониро ташкил додааст.
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби 1 доллари амрикоиро 3,72 сомонӣ муқаррар кардааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста