Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе ният дорад 16 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор созад.
Тавре муовини сардори раёсат Сафаралӣ Ҳакимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шурӯъ аз соли равон дар пойтахт аллакай ду ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардида, дар ярмаркаи ахир 125 корхона ва муассисаи пойтахт ба шаҳрвандон 6 ҳазору 530 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод сохтанд, ки музди меҳнат дар онҳо аз 150 то 600 сомониро ташкил медод.
Аз ярмаркаҳо 11 ҳазор нафар шаҳрвандон боздид карда, 1 ҳазору 284 нафар барои худ ҷойҳои корӣ пайдо намуданд. «Миёни корҷӯён бисёр шаҳрвандоне ҳузур доштанд, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта буданд ва аксари онҳо дар соҳаи сохтмон, ки музди меҳнат дар он 600 сомониро ташкил медиҳад, бо ҷойҳои кори таъмин гардиданд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи С.Ҳакимов, 634 нафар сокинони Душанбе ҷиҳати омӯзиши касб ба курсҳои кӯтоҳмуддат роҳхат гирифта, 131 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафарбар шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста