Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ,
бо мақсади беҳтар кардани муҳити инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муттаҳид намудани бонкҳо, ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои алоқаманд баҳри ҳамкорӣ бо ҳукумат дар таҳияи кодекси миллии идоракунии корпоративӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналхалқӣ кӯмак расонида истодааст.
Ширкатҳои тоҷикие, ки мехоҳанд идоракунии корпоративии хешро беҳтар намоянд, ҳоло аз сабаби набудани дастури миллӣ мушкилӣ кашида истодаанд. Бо мақсади кӯмак расонидан дар ҳалли ин мушкилот Лоиҳаи IFC
оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ ҳафтаи гузашта мизи мудавваре бо иштироки намояндагони ҳукумат ва дигар сохторҳои алоқаманд барпо намуд. Иштирокчиён қарор доданд, дар ҷодаи таҳияи кодекси миллии идоракунии корпоративие, ки ба шаффофии фаъолияти ширкатҳои тоҷикӣ ва ҷалб намудани инвесторхои хориҷӣ мусоидат мекунад, ҳамкорӣ кунанд.
“Вақти он расидааст, ки мо бояд кодекси миллии идоракунии корпоративии ҶТ-ро таҳия намоем”, -
гуфт иштирокчии семинар машваратчии ҳуқуқии «Агроинвестбонк» Вячеслав Пияров. - Кодекси миллӣ муҳити инвеститсионии кишварро беҳтар мекунад ва идоракунии корпоративии ширкатҳои маҳаллиро ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ месозад. Дар ин ҷода мо ширкати IFC-ро, ки бо таҷрибаи байналхалқии хеш дар ин ҷараён нақши муҳим бозида истодааст, хуш пазироӣ мекунем”.
Ба гуфтаи ҳамоҳангсози Лоиҳаи IFC оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Миёна бештари ширкатҳои маҳаллӣ хоҳиш намуданд, ки кодекси миллии идоракунии корпоративии ба стандартхои байналхалқӣ ҷавобгӯ таҳия карда шавад. “Иштирокчиён инчунин шакл ва мундариҷаи кодексро муҳокима карданд ва оид ба қадамҳои аввалин дар ин ҷода қарор кабул карданд,” - илова кард ӯ. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» корманди масъул бо масоили робита бо ҷомеаи
IFC
Муҳиддин Тоҷиев хабар дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста