Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Гурӯҳи
Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд.
Аксел Шиммелпфенниг бо қаноатмандӣ изҳор дошт: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи махсуси мушоҳидавии Хазинаи Байналмилалии Асъорро пурра иҷро намуд ва акнун мо ба таҳия ва пешниҳоди барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт шурӯъ мекунем».
Ба иттилои Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин санҷиши фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон бо натиҷаҳои мусбат анҷом ёфт ва акнун ҳеҷ монеае барои рушду густариши ҳамкориҳо вуҷуд надорад.
Таъкид гардид, ки дар таҳияи барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт тавачҷӯҳи асосӣ ба андешидани чораҳои муассир баҳри паст кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир карда мешавад.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро оид ба рушди ҳамкориҳо таъкид намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста