Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Айни замон мизони об дар обанбори Норак
Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ мегӯяд, сатҳи воридоти об ба обанбори Норак афзуда, феълан ҳудуди 130 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳафтаи гузашта 20 метри мукааб зиёдтар аст. «Хароҷоти об аз обанбор 460 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки барои бо иқтидори пурра фаъолият намудани нерӯгоҳи Норак сатҳи воридоти об ба он бояд ба 480-500 метри мукааб дар як сония баробар бошад», - гуфт ӯ.
Н.Ёдгорӣ изҳор дошт, бо назардошти вазъи мавҷуда ҳаҷми интиқоли барқ ба ширкати алюминии тоҷик боз ба миқдори 200 ҳазор кВт/соат коҳиш ёфта, айни замон он ба 14,8 млн. кВт/соат баробар шуд.
Мувофиқи маълумоти ширкат, айни замон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар нерӯи барқ содирот намекунад.
Дар ҳамин ҳол, дар кишвар лимити истифодаи барқ, ки аз 27-уми январи соли равон ҷорӣ гардид, то ҳанӯз амал мекунад. Ба сокинони пойтахт интиқоли нерӯи барқ аз соати 23-и шаб то 5-и субҳ қатъ карда мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста