Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Мудири Маркази муҳоҷирати вилояти Свердловски Русия иттилои чанде қабл интишоршуда дар чанде аз васоити ахбори оммаро дар бораи ҷалб накардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли ҷорӣ рад сохт.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки оид ба ҷалб накардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар сои 2009 ҳеҷ супоришоти расмӣ нашудааст. «Гузашта аз ин, соли равон низ тартиби қабул ба кор муқаррарӣ буда, дар чаҳорчӯбаи муайяннамуда ба миқдори 133 ҳазор ҷойи корӣ сурат хоҳад гирифт», - гуфт ӯ.
Тибқи маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати вилояти Свердловск, дар ахири моҳи январи соли ҷорӣ 806 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба кор қабул ва 522 нафар аз кор озод карда шудаанд. Мувофиқи омори расмӣ, аввали соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Свердловск 17 ҳазору 324 шаҳрванди Тоҷикистон чун муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд гирифта шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста