Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Фармондеҳии нақлиётии нерӯҳои Амрико ояндаи наздик ҷиҳати мувофиқа сохтани масоили транзити борҳои тиҷоратӣ ба Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Душанбе меояд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар гуфтушуниди сафири ИМА ва президенти Тоҷикистон сари масъалаи транзити борҳо на бо роҳи ҳавоӣ, балки танҳо бо роҳи заминӣ бо истифода аз роҳи оҳан ва роҳи мошингард сухан рафтааст ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сафири ИМА дар ҷумҳурӣ Трейси Энн Ҷейкобсон оид ба масъалаи ифтитоҳи пойгоҳ гуфтушунид накардаанд.
Ба иттилои сафорати ИМА, сафир дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки бинобар афзудани шумори нерӯҳои низомии Амрико дар Афғонистон зарурати истифодаи қаламрави Тоҷикистон барои транзити маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмон, маводи сӯзишворӣ ва дигар борҳои таъиноти ғайринизомӣ пеш омадааст.
Дар мавриди дурнамои рушди ҳамкориҳои низомӣ миёни кишварҳо сафири Амрико зикр кард, ки баргузории тренингу конфронсҳои муштарак, татбиқи лоиҳҳои рушди зерсохтор ва таъсиси лагери тамринӣ дар Турсунзода дар назар аст, ки барои тамоми нерӯҳои қудратии Тоҷикистон дастрас хоҳад буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста