Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Шаҳрдории Душанбе бинобар муроҷиати иловагии ШСХК «Барқи тоҷик» аз 6-уми феврали соли 2009 ба Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 28-уми январи соли 2009 «Дар бораи риояи қатъии меъёри нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаю низоми маҳдудкунии он дар пойтахт» тағйироту иловаҳо ворид намуд.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи ин тағйирот
дар асоси ҷадвали пешниҳоднамудаи ШСХК «Барқи тоҷик» дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт то ба эътидол
расидани вазъ дар системаи энергетикии кишвар
ҳамарӯза ба истиснои иншоотҳои ҳаётан муҳим дар минтақаҳои алоҳидаи пойтахт рӯзона аз соати 9 то 16 ва шабона аз соати 23 то 5-и субҳ интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.
Зимнан, аз ҳамаи сокинон, роҳбарони тамоми субъектҳои хоҷагидори пойтахт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
хоҳиш карда мешавад, ки нисбати ин тадбири иҷбории андешидашуда бо ҳусни тафоҳум муносибат намуда, истифодаи сарфакорони нерӯи барқро
ба роҳ монанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста