Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон ба баргузории чорабинӣ бахшида ба 20-умин солгарди хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон, ки ҳамасола 15-уми феврал доир мегардад, омодагӣ мегиранд.
Рӯзи якшанбе бо ибтикори Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко дар шаҳри Душанбе чорабинии ботантана баргузор мешавад. Ғайр аз ин, дар чорабинӣ ошхонаи саҳроӣ гузошта шуда, ба иштирокдорон хӯроки маъмулии сарбозон пешниҳод мегардад.
Тавре аз Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар даргириҳои дар Афғонистон рухдода ҳангоми будубоши нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвар беш аз 15 ҳазор тоҷикистониён иштирок карда, 366 нафарашон ҷони худро дар кишвари ҳамсоя аз даст доданд. Беш аз 1 ҳазор ҷанговарони тоҷик захмҳои гуногун бардоштанд. «Ба панҷ нафар ҷанговарони тоҷик, аз ҷумла ба Александр Мироненко пас аз маргаш
унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст», - гуфт манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста