Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Коршиносон бар чунин назаранд, ки солҳои ахир тамоили бемориҳои саратон дар ҷумҳурӣ босуръат рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Тавре муовини директори Маркази илмии саратоншиносӣ дар назди Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Зафар Ҳусейнов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан дар кишвар ҳудуди 12 ҳазор шахсони гирифтори бемории саратон ба қайд гирифта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо соли гузашта беш аз 2 ҳазор нафар шахсони гирифтор ба бемории саратон ба қайд гирифта шуд, ки тайи солҳои ахир чунин ҳолат рух надода буд, вале ин нишондиҳанда низ бозгӯи вазъи воқеӣ нест, зеро дар ноҳияҳо ва деҳоти кишвар
тадқиқот миёни аҳолӣ гузаронида намешавад ва ин рақамҳо мушаххас нестанд.
З.Ҳусейнов иллати афзоиши бемориҳои саратонро ба бад шудани вазъи экологӣ, аз ҷумла зиёд гаштани таъсири радиатсия, пастсифатии маводи ғизоӣ, шуъои офтоб ва ҳамчунин «механизми ҳолати ташаннуҷи рӯҳӣ (стресс)»-и пайдоиши омоси зарарнок марбут медонад. «Ғайр аз ин, вазъи муташанниҷи солҳои 90-уми асри гузашта, ки мардуми мо аз сар гузаронид, имрӯз аз худ дарак медиҳад», - афзуд ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста