Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ояндаи наздик ният дорад дар баъзе минтақаҳои Русия консулҳои фахрии Тоҷикистонро таъин намояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, чунин пешниҳод ба Вазорати умури хориҷии Русия ирсол гардида, феълан интизори посух мебошанд. «Мо ният дорем, ки ба ҳайси консулони фахрӣ собиқ шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки феълан шаҳрванди Русия ҳастанду миёнаи ҷомеаи ин кишвар соҳиби обрӯву нуфуз мебошанд, таъин намоем», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, шумораи чунин консулон то 20 нафар расида метавонад. «Пешбинӣ мегардад, ки консулони фахрӣ ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия будубош доранд, мусоидат намуда, асосан дар минтақаҳои дорои намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ба фаъолият машғул хоҳанд гашт», - афзуд сарчашма.
Тибқи иттилои сарчашма, барои фаъолияти консулони фахрӣ пардохти музди меҳнат пешбинӣ нагардидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста