Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Нақшаи ниҳоии чорабиниҳои ҳукумати кишвар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ нимаи моҳи феврал таҳия хоҳад гашт.
Тавре ёвари вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Анвар Латипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, айни замон бо назардошти пешниҳоду тавсияҳои вазорату идораҳои дахлдор комиссияи байниидоравӣ рӯи такмили санади мазкур кор мекунад. «Пас аз таҳрири санад бо назардошти вазъи зудтағйирёбанда комиссия бояд чорабиниҳои аввалиндараҷаро муайян созад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ёвари вазир, нақшаи чорабиниҳо аз панҷ ҷузъ – сиёсати андозу буҷавӣ, дастгирии давлатии бахши воқеии иқтисод, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва чорабиниҳои умумӣ оид ба роҳандозии ислоҳот иборат аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста