Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳаҷми қарзи Тоҷикистон дар назди «Узтраснгаз» барои гази ба ҷумҳурӣ интиқолгардида аз оғози сол ба миқдори 7 млн. $ афзуда, феълан 16 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Тавре аз ҶС «Тоҷиктраснгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба иллати афзудани маблағи қарз ҷониби Ӯзбекистон марҳила ба марҳила ҳаҷми интиқоли газро коҳиш дода истодааст. «Агар чанд рӯз қабл ҳаҷми интиқоли гази Ӯзбекистон ба ҷумхурӣ 45 ҳазор метри мукааб дар як соатро ташкил медод, имрӯз он ба 25 ҳазор метри мукааб баробар шудааст», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, гази воридгашта миёни аҳолӣ, КВД «Тоҷиксемент», КВД «Талко» ва Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе тақсим карда мешавад. Бинобар камбуди маводи сӯшишворӣ феълан ҶСП «Тоҷиказот» аз фаъолият бозмондааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаъ, қарзи аҳоливу корхонаҳои ҷумҳурӣ барои истифодаи газ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. «Масалан, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 9 млн. $ ва аҳолӣ 2-3 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, корхонаҳои КВД «Тоҷиксемент», ҶСП «Тоҷиказот», «Сомонсуғдгаз» ва КВД «Талко» низ дар назди ҶС «Тоҷиктрансгаз» маблағи зиёди қарзӣ доранд», - афзуд сарчашма.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста