Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки рушди Тоҷикистон» бо намояндаи расмии ширкати «
Mitsubishi
Motors
» - ҶСП «Мастерхауз» қарордоди шарикӣ ба имзо расонид.
Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тибқи қарордоди баимзорасида, акнун ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» барои харидории мошинҳои навъи «
Mitsubishi
Motors
» ба мизоҷони худ қарз ҷудо карда метавонад.
Ба иттилои манбаъ, феълан бонк бо ширкатҳои марбут ба фурӯши автомобили ҶДММ «Ҷаҳонгир», ҶДММ «Тоҷиктранскар» ва ҶДММ «Тоҷик-Тойота» муносиботи ҳамкорӣ дорад. «Дар соли 2008 бонк ҷиҳати харидории автомобилҳо ба маблағи 1 млн. 271 ҳазору 592 сомонӣ (ҳудуди 374 ҳазор $) қарз ҷудо кард», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки яке аз омилҳои афзудани ҳаҷми маблағи қарзҳо барои харидории автомобил дар он аст, ки рӯз то рӯз фурӯшгоҳҳои мошинҳо зиёд мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста