Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Ташкилоти Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) дар доираи барномаи «Тайёр намудани ҷамоатҳои устувор нисбати ҳолатҳои фавқулодда», ки аз ҷониби Департаменти Комиссияи Аврупо оид ба расондани кӯмаки башардӯстона (ECHO) маблағгузорӣ мешавад, аз аввали соли ҷорӣ барои кормандони идораҳои давлатӣ, ки дар соҳаи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ фаъолият мекунанд, курсҳои забони англисӣ ва компютер гузаронида истодааст.
Мақсад аз гузаронидани курсҳои мазкур ин такмил додани дониши забони англисӣ ва қобилияти кор бо компютер мебошад, ки минбаъд кормандони идораҳои давлатии дахлдор ин донишҳоро дар корҳояшон истифода баранд. Курсҳои номбаршуда аз тарафи Мактаби Маълумоти Касбӣ ва Давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузаронида мешаванд
Курсҳои забони англисӣ ва компютер дар шаҳри Душанбе барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Саридораи Геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар шаҳри Хоруғ бошад, курсҳои мазкур барои кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва кормандони Расадхонаи обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ гузаронида мешаванд.
Баъд аз анҷом ёфтани курсҳои чаҳормоҳа ва бомуваффақият супоридани санҷиши ниҳоӣ ба иштирокунандагони курсҳои номбаршуда аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шаҳодатнома дода мешавад.
Аз соли 2003, Фокус дар Тоҷикистон ба ҳайси ҳамкори иҷрокунандаи лоиҳаи ДИПЕКО дар ҳудуди ВМКБ фаъолият мекунад ва дар соҳаи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи ҷамоатҳо ташаббусҳои васеъ пеш гирифта истодааст. Инчунин, ФОКУС ба баланд бардоштани қобилияти муассисаҳои маҳаллӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста