Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», ки асосан дар он рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар ба чоп мерасанд, ба рӯйхати иншооти ҳаётан муҳим шомил гардида, дар замони бӯҳрони энергетикӣ интиқоли барқ ба он қатъ нахоҳад гашт.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мақомоти шаҳрдорӣ дар мувофиқа бо ширкати «Барқи тоҷик» ба чунин хулоса расида, тасмим гирифтаанд, ки рӯзона ба маҷмаа нерӯи барқ мунтазам интиқол хоҳад гардид. «Танҳо дар сурати садама дар шабака интиқоли барқ муваққтан ба маҷмаа қатъ карда мешавад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи сухангӯи раиси пойтахт, ба рӯйхати иншооти ҳаётан муҳим ҳамчунин муассисаҳои тандурустӣ, почта, телеграф ва дигар иншооти ба феҳристи иншооти муҳими давлатӣ шомилбуда дохил мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10-уми феврал реҷаи истифодаи барқ дар пойтахт шадидтар гардид. Тибқи ин қарор, дар асоси ҷадвали пешниҳоднамудаи ШСХК «Барқи тоҷик» дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт то ба эътидол
расидани вазъ дар системаи энергетикии кишвар
ҳамарӯза ба истиснои иншоотҳои ҳаётан муҳим дар минтақаҳои алоҳидаи пойтахт рӯзона аз соати 9 то 16 ва шабона аз соати 23 то 5-и субҳ интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста