Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Коршиносони вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ҳаҷми нави қарзҳоеро, ки аз ҷониби ҳукумат барои истеҳсоли пахта дар як гектар ҷудо мегардад, таҳия намуда, барои тасдиқ ба ҳукумати кишвар пешниҳод карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии вазорат Сафар Маҳмадиев хабар дод, агар соли гузашта барои истеҳсоли пахта дар як гектар хоҷагиҳо метавонистанд 800 $ қарз гиранд, пас имсол бо назардошти болоравии нархҳо андозаи он 1100 доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.
Дар мавриди пардохтани қарзҳои ҳукумат, ки ба хоҷагиҳо соли гузашта ҷудо гардида буд, номбурда изҳор дошт, ки дар вилояти Суғд ин нишондиҳанда ба 40,2 ва Хатлон 26 дарсадро ташкил медиҳад. «Ноҳияҳои тобеи марказ танҳо аз воситаҳои худи бонкҳо қарз гирифта буданд», - афзуд ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста