Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Бори навбатӣ арзиши чиптаи қатораи хатсайри «Душанбе-Маскав» боло рафт.
Тавре аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, арзиши чипта дар вагони дараҷаи дуввуми (платскарт) ин хатсайр аз 652 сомонӣ то 793 сомонӣ зиёд шуда, дар вагони купе нархи он аз 860 сомонии қаблӣ то 1 ҳазор сомонӣ афзудааст.
Ба иттилои манбаъ, болоравии арзиши чиптаҳо ба коэффитсиенти убури нақлиёти роҳи оҳан тавассути низоми роҳи оҳани Русия марбут аст. «Иллати дигар дар афзоиши арзиши убури қатораҳо тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба миқдори 20-22 дарсад ифода меёбад», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январ арзиши чиптаҳо ба қатораи хатсайри «Душанбе-Конибодом» ба андозаи 80 дарсад боло рафта буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста