Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ таҳти раёсати муовини вазири тандурустии кишвар Соҳибназар Раҳмонов масоили пешгирии ҳодисаҳои ришвахорӣ баррасӣ гардиданд.
Тавре аз вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, С.Раҳмонов таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба он равона сохтааст, ки на ҳамаи роҳбарону сармуҳосибони муассисаҳои тиббӣ ҳисси масъулияти худро дар сатҳи зарурӣ дарк месозанд. «Аз ин рӯ, мақомоти раҳбарии вазорат ният дорад, бо ҳар як раҳбару сармуҳосиби муассисаҳои тиббӣ сӯҳбатҳои инфиродӣ барпо сохта, аз фаъолияти онҳо натиҷагирӣ намояд», - гуфтааст С.Раҳмонов.
Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми ҷаласа ба ҳамаи сардорони раёсати тандурустии манотиқи кишвар ва пойтахт ҷиҳати роҳ надодан ба ҳодисаҳои ришваситонӣ супоришоти мушаххас дода шуд. Ҳамчунин шахсони масъули дастгоҳи марказии вазорат вазифадор карда шуданд, ки истифодаи мақсадноки воситаҳои ҷудогардидаи буҷаро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста