Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, ки дар бинои Сирки давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба хоҳишмандон беш аз 5 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ярмарка 104 корхонаву муассисаҳо, аз ҷумла корхонаи ҷуроббофӣ, ҶДММ «Стройинвест-2000», ки барои сохтмони нерӯгоҳҳои Сангтӯда бинокоронро даъват месозад, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва раёсати тандурустии пойтахт, шӯъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва ғайра ба хоҳишмандон ҷойи кор пешкаш месозанд.
Бино ба иттилои манбаъ, музди меҳнат ба ҷойҳои кории пешниҳодшуда аз 120 то 900 сомониро ташкил медиҳад.
Интизор меравад, ки дар ярмарка ҳамчунин ташкилотҳое, ки бо сафарбар сохтани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сарукор доранд, аз ҷумла «Тоҷикхориҷакор», Биржаи меҳнати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва ғайра низ ширкат варзанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста