Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Феълан Тоҷикистон дар қатори 32 кишвари дигари ҷаҳон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқа ба кӯмаки таъҷилии байнулмилалӣ бо маводи ғизоӣ ниёз дорад. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ бо истинод ба Барномаи ғизо ва кишоварзии созмон хабар медиҳад.
«Зимистони сард, мизони нокофии намнокӣ ва камбуди об барои обёрӣ ба он оварда расониданд, ки ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон аз сатҳи миёнаи солона хеле камтар шуд», - иттилоъ медиҳад Казинформ бо истинод ба гузориши Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ.
Дар ҳамин ҳол, ахири моҳи январ
д
ар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки вазъи таъмини ғизо дар бозорҳои ҷумҳурӣ мӯътадил аст ва ҳеҷ мушкилоти марбут ба таъмини аҳолии кишвар бо маводи аввалияи ғизо вуҷуд надорад. Ғ.Бобозода ёдоар шуда буд, ки истеҳсоли зироати ғалладона дар соли 2008 дар ҷумҳурӣ 942,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки барои Тоҷикистон ҳосили рекордӣ буда, гузашта аз ин, беш аз 500 ҳазор тонна орд ва 250 ҳазор тонна зироати ғалладона аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Ӯ гуфт, нархи орд дар муқоиса бо тобистони соли гузашта 40 дарсад поин рафтааст ва агар соли гузашта барои ташкили захираҳои давлатии орд 20 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, соли равон ин рақам ба 50 млн. сомонӣ расидааст. «Ғайр аз ин бо Қазоқистон ҷиҳати ворид кардани зироати ғалладона ба маблағи 4 млн. $ тавофуқ ҳосил шуд», - гуфт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста