Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз президент даъват ба амал овард, ки бо роҳбарони аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ вохӯрӣ баргузор созад.
Ба гуфтаи ӯ, президент ҳамчун сарвари давлат ва раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягон маротиба бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва сардабирони ВАО-и Тоҷикистон мулоқот доир насохтааст. Зарурати чунин мулоқотро Р.Зойиров бо вазъи кунунии душвори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар асоснок намуд.
Раиси ҲСДТ мегӯяд, бо иштироки президент бояд камаш чаҳор муколама доир гардад. «Дар мулоқоти аввал бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ бояд масъалаи демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, дар мулоқоти дуввум масъалаи ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар ва дар мулоқоти саввум масъалаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, мулоқоти чаҳорум бояд бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва сардабирони ВАО сурат бигирад», - таъкид сохт Р.Зойиров.
Р.Зойиров афзуд, мулоқотҳо набояд чун ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ сурат бигиранд, зеро дар онҳо «ҳеҷ гоҳ мубоҳисаҳои муфид доир нагардида буданд».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста