Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ се тарзи мавқеъгирии худро баррасӣ мекунад.
Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки дар шӯрои сиёсии ҳизб пешниҳод шудааст, интихоботро мебояд ё шадидан таҳрим намуд ва ё умуман дар он ширкат наварзид ва чунин мавқеъгирӣ бар он асос ёфтааст, ки дар ҷумҳурӣ барои ба таври қонунӣ баргузор кардани интихобот имкону шароит мавҷуд нест. «Гузашта аз ин, гаравпулие, ки ба андозаи 5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, монеъаи аслӣ барои иштирок дар интихобот мебошад», - гуфт ӯ.
Р.Зойиров мегӯяд, аксари иштирокдорони Шӯрои сиёсии ҳизб исрор бар он намуданд, ки мебояд дар интихобот иштирок кард, зеро интихоботи қарибулвуқӯъ барои ҷумҳурӣ тақдирсоз аст ва аз натиҷаи он масъалаи суботи вазъи кишвар ва некӯаҳволии мардум вобаста хоҳад буд. «Феълан мо натанҳо бо бӯҳрони сохторӣ дар дохили кишвар, балки бо бӯҳрон дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ низ дучор гаштаем, зеро рӯйдодҳои ахир нишон доданд, ки ҳукумати мо намедонад бо кӣ ҳамкориро ба роҳ монаду кадом самтро интихоб созад ва чунин вазъ дар сиёсати хориҷӣ ба он марбут аст, ки нуқтаи такягоҳии устувор мавҷуд нест», - афзуд раиси ҲХДТ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста