Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати кишоварзӣ фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии пунбадонаро дар шабакаи ягона ба роҳ монданист.
Тавре сардори раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии вазорат Султон Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвар талаботи соҳаи пахтакориро қонеъ намесозад ва коршиносон аз сифати тухмии тайёркардаи хоҷагиҳо қаноатманд нестанд.
Ба гуфтаи оқои Давлатов, ҳамагӣ 35 дарсади тухмии пунбадонаи барои мавсими киштукори имсола омодагардида хушсифатанд. Вазъи ғайриқаноатбахши соҳаро намояндаи вазорат ба мавҷуд набудани мутахассисони соҳибкасб ва бекор кардани чанде аз имтиёзот марбут медонад. «Тамоми вилояту навоҳӣ ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ аз вазорат дархост намуданд, ки тарзи фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ тағйир дода шавад ва айни замон бо супориши муовини сарвазир дар ҳамаи 38 хоҷагии тухмипарвар барӯйхатгирӣ гузаронида мешавад, - гуфт ӯ. - Ба роҳ мондани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвари пунбадона дар як шабакаи воҳид ба нақша гирифта шудааст».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста