Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Хабргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба сарфармондеҳи нерӯҳои низомии ҳавоии Русия генерал-полковник Александр Зелин иттилоъ медиҳад, ки ба низоми муттаҳидаи нерӯҳои дифои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ муяссар гаштааст, чунин нерӯҳоро дар давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон аз нав эҳё созад.
Ба гуфтаи оқои Зелин, кишварҳои узви иттиҳод аллакай ба таъсиси нерӯҳои минтақавии ҳамгиройӣ дар се самт – Шарқиву аврупоӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ шурӯъ намудаанд. «Созишномаи дифоъи муштараки марзи ҳавоӣ миёни Давлати иттифоқӣ байни Русияву Белоруссия барои тасвиб омода мегардад ва лоиҳаҳои созишномавӣ бо дигар минтақаҳо низ айни замон дар ҳоли таҳия мебошанд», - гуфтааст ӯ.
Зелин гуфтааст, таҷриба нишон додааст, ки маҳдудсозии фазои назоратии нерӯҳои навбатдор дар ин самт имконоти чунин нерӯҳоро ба таври назаррас заъиф месозад ва муттаҳидсозиву ҳамгиройии низомҳои миллии дифои ҳавоӣ дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ талаби давру замон аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста