Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар давоми ҳафтаи сипаригашта муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва вазири маорифи кишвар Абдуҷҷаббор Раҳмонов аз як қатор муассисаҳои таълимии пойтахт ва ноҳияҳои тобьеи марказ боздид намуданд.
Тавре сухангӯи вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳайати намояндагонро дониши толибилмони синфҳои 8-11 дар литсейи президентӣ аз рӯи фанҳои гуманитарӣ ва математика қаноатманд насохта, ба мақомоти раҳбарии литсей супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳоро таҳия сохта, иҷрои онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд ва оид ба натиҷаҳои он ба вазорат ҳисобот пешниҳод намоянд.
Муовини сарвазир ва вазири маорифро сатҳи дониши хонандагон дар литсейҳои тоҷикиву туркӣ ва мактаби байнулмилалӣ низ қонеъ нагардонид. Ба гуфтаи Н.Нуралиев, сарфи назар аз муҳайё сохтани тамоми шароит сатҳи дониши толибилмон беҳбуд мехоҳад. «Гузашта аз ин, вазир ба намояндаи вазорат А.Алиев, ки ба фаъолияти литсейҳои тоҷикиву туркӣ масъул аст, танбеҳ эълон намуд ва қарор шуд, аз 2 то 5-уми майи соли равон санҷиши такрорӣ гузаронида шавад», - гуфт сухангӯи вазорат.
Ғайр аз ин, дар ҷараёни боздиди мазкур як қатор директорони макотиби ноҳияи Рӯдакӣ муҷозот шуданд. «Бо қарори вазири маориф директори мактаби таҳсилоти умумии рақами 42-и ҷамоати Роҳатӣ дар робита ба риоя накардани талаботи қарори вазорати маориф оид ба баргузории чорабинии «Хатми Алифбо» аз мансаб сабукдӯш гардида, бо ҳамин ҷурм директори мактаби рақами 108 огоҳӣ гирифт», - афзуд Н.Нуралиев.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста